Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркия дар инфиҷори роҳ 7 нафар кушта шуданд


Бино ба хабарҳои мақомоти расмии Туркия, имрӯз дар инфиҷори баме дар роҳ 5 корманди полис ва 2 ғайринизомӣ дар ҷануби ин кишвар кушта шуданд. Зоҳиран мошини полис ҳадаф қарор дода шуда буд, вале мошини ғайринизомиён аз паси он ҳаракат мекард. Ин ҳодиса дар шаҳраки Гуроймаки вилояти Битлис рух дод. Дар вилояти Мардин дар як ҳодисаи дигар сарбозе ҷароҳат бардошт. Нируҳои амниятӣ ба ҷустуҷӯи маҳал шурӯъ карданд ва бовар доранд, ки ҳамлаварон ба Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей тааллуқ доранд. Ин ҳизб созмони ғайриқонунӣ дар Туркия дониста мешавад. Ҳамлаи тундравҳои ин ҳизб дар Туркия ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Пи Кей Кей дар Туркия ва дар бисёре аз созмонҳои байналмиллалӣ ба феҳристи созмонҳои террористӣ ворид шудааст. Соли 1984 дар ҷануби Туркия, ки аксарияти аҳолии онро курдҳо ташкил медиҳанд, муноқишае рух дод ва гуфта мешавад, ки дар он тақрибан 45 000 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG