Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Алимардон гуфт, "бахши кишоварзӣ ба сармоя ниёз дорад"


Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон
Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон

Мақомот ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба соҳаи кишоварзиро шарти асосии рушди ин соҳа арзёбӣ мекунанд.

Аммо коршиносони хориҷӣ мегӯянд, ҳукумати ин кишвар барои вуруди сармоя ба соҳаи кишоварзӣ бештар аз шароит монеа эҷод кардааст.

Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон зимни як ҳамоиши
байнулмилалӣ дар Душанбе гуфт, бар асоси барномаи ҳукуматӣ то соли
Дар қиёс бо даврони Шӯравӣ истеҳсоли пахта - маҳсулоти асосии кишоварзии Тоҷикистон аз 1 миллион тонна ба беш аз 300 ҳазор тонна поён омадааст...
2015 тамоми маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили Тоҷикистон коркард шуда, танҳо маҳсулоти тайёр ба хориҷ содир хоҳад шуд ва он чӣ имрӯз зарур аст, сармоя аст.

Ӯ афзуд: "Ҳоло вазифаи аслии мо ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи хориҷӣ ба бунёди корхонаҳои коркарди пахта, сабзавот ва мева аст ва ҳам соҳаҳои чорводорӣ ва мурғпарварӣ мебошад."

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҳамоиши байнулмилалии сармоягузорони тиҷорат дар бахши кишоварзӣ сӯҳбат мекард, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Бонки рушд ва бозсохти Аврупо созмон дод. Дар ин ҳамоиш аз ҳудуди 80 кишвари дунё 200 намоянда ширкат дорад. Ин дуввумин ҳамоиши бузурги байнулмилалист, ки барои беҳбуд бахшидани муҷтамааи саноеи кишоварзӣ баргузор мешавад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00
Линки мустақим



Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ як кишвари кишоварзӣ маҳсуб мешуд, аммо дар замони истиқлол ин соҳаи иқтисод ба буҳрони тӯлонӣ мувоҷеҳ шуд ва ба қавли коршиносон, то ба ҳол ба худ наомадааст. Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ба по рост кардани соҳаи кишоварзӣ ислоҳоти густардаеро роҳандозӣ кардааст, аммо беҳбуд дар ин соҳа назаррас нест.

Дар қиёс бо даврони Шӯравӣ истеҳсоли пахта - маҳсулоти асосии кишоварзии Тоҷикистон аз 1 миллиони даврони Шӯравӣ ба беш аз 300 ҳазор тоннаи имрӯз поён омадааст. Тибқи таҳқиқоти Бонки рушд ва бозсохти Аврупо, ҳоло як гов дар Тоҷикистон 700 литр шир медиҳад, дар ҳоле ки ин рақам дар Қирғизистон - 2 ҳазор, Русия - 3,5 ҳазор ва Фаронса - 7 ҳазор литр аст.

Кристоф Кордоне, аз TAFF, барномаи Кӯмаки молиявӣ ба кишоварзии Тоҷикистон, ки Бонки рушд ва бозсохти Аврупо роҳандозӣ кардааст, мегӯяд, дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон бо кишварҳои иттиҳод бо «пули технологӣ»-е васл мешуд, аммо дар замони истиқлол ин пул шикаста, ҳоло зарурати бо олами бузургтаре барқарор кардани он зарур шудааст. Вай афзуд, андозу молиёте, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, барои сармоягузор имкони ба даст овардани даромадро кам мекунад: "Агар Шумо пору, тухмӣ, ниҳол, хӯрокаи парранда ва дигар заруриёт барои ҳосили хубро ворид карданӣ мешавад, бояд 5 дарсад ба гумрук ва 18 дарсад андози арзиши илова пардохт кунед. Ин маблағе аст, ки барнамегардад. Аз ҳама муҳим фанновариҳои ҷадиданд, ки низ барои ворид кардани як техникаи муосир бояд 24 дарсад пардохт кунед. Сармоя ёфтан мушкил нест. Шароитро бояд ба вуҷуд овард. Кодексҳои замин ва андоз ва системаи обёрӣ бояд мувофиқ бошанд. Сармояро дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳам метавон пайдо кард."

Ҳукумати Тоҷикистон барои афзудани тавлидоти дохилӣ як қатор иқдомотеро ҳам рӯи даст гирифта буд, аммо аксаран ба беҳбуди вазъ мусоидат накарданд. Масалан, замоне ҳукумат содироти пашму пӯстро манъ кард, дар ҳоле ки коркарди он дар дохили кишвар вуҷуд надошт. Иқдоми дигари ҳукумат манъи вуруди тухми хориҷӣ буд, ки ба боло рафтани қимати ин мавод аз 50 дирам то 1 сомонӣ боис шуд.

Зафар Ҳакимов, сарвари ширкати "Мурғи марҷон"-и ноҳияи Файзобод, ки ба истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ машғул аст, мегӯяд, дар пайи иқдомоти ҳукумат болоравии қимати хӯрокаи парранда пеш омад ва ба қавле, "обро ба лаби ҷӯ баробар кард": "Хӯрокаи мурғро мо аз хориҷ ворид мекунем. Русия ва Украина ба далели кам шудани истеҳсолоти дохилӣ содироташонро қатъ карданд. Мо маҷбур шудем аз Қазоқистону Аргентина ва Эрон ворид кунем. Умуман тамоми компонентҳое, ки ба хӯрокаи мурғ заруранд, аз хориҷ ворид мешаванд."

Дар ҳамин ҳол, зарфиятҳои содиротии кишоварзии Тоҷикистон аз нигоҳи муҳаққиқони байнулмилал хеле дилхушкунанда аст. Тибқи таҳқиқоти Бонки рушд ва бозсохти Аврупо, Тоҷикистон солона метавонад ба маблағи 5 миллиард доллар ба Русия меваҷот содир кунад, ки ду баробар зиёд аз интиқоли солонаи муҳоҷирин ба кишвар аст, аммо тайи соли равон меваҷот дар содироти кишвар ҳудуди 3 дарсад, беш аз 30 миллион долларро ташкил медиҳад ва ҳоло дар кулл 20 дарсади ҳосили кишоварзии Тоҷикистон талаф мешавад.
XS
SM
MD
LG