Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гилад Шалит баъд аз раҳоӣ ба Исроил баргашт


Гилад Шалит баъд аз раҳоӣ дар Исроил
Гилад Шалит баъд аз раҳоӣ дар Исроил
Баъд аз 5 соли асорат дар Навори Ғазза Гилад Шалит-сарбози исроилӣ озод ва ба Исроил баргашт. Ҳамос Шалитро озод ва вайро ба мақомоти Миср супурд. Миср дар амалиёти раҳоии Гилад Шалит миёни Исроил ва Ҳамос нақши миёнравро бар ӯҳда дошт. Ҳамзамон Исроил ба раҳоии садҳо нафар зиндониёни фаластинӣ дар Ғазза оғоз кардааст. Гилад Шалит соли 2006 дар як амалиёти наздимарзӣ дар Навори Ғазза тавассути нируҳои Ҳамос боздошт шуд ва то ҳол дар асорати ин нируҳо ба сар мебурд. Тибқи тавофуқоти ба дастомада, дар ивази Шалит Исроил бояд беш аз 1000 фаластиниро озод кунад. Қарор аст имрӯз 477 зиндонии Фаластин раҳо шаванд. 550 нафари дигар то поёни сол раҳо хоҳанд шуд. Ин тавофуқоти Исроилу Ҳамос ҳафтаи гузашта бо миёнҷигарии Миср ба даст омад.
XS
SM
MD
LG