Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Туркия бо мухолифони Сурия мулоқот кард


Аҳмет Довутоғлу
Аҳмет Довутоғлу
Бино ба гузоришҳои расида аз Туркия, Аҳмет Довутоғлу-вазири корҳои хориҷии ин кишвар бо намояндагони мухолифони давлати Сурия, яъне бо аъзои Шӯрои Миллии Гузори Сурия шоми рӯзи душанбе дидор ва гуфтугӯ кард. Бино ба гузоришҳо, Довутоғлу ба мухолифони Сурия гуфтааст, ки бо истифода аз “шеваҳои сулҳомез” барои тағироти демократӣ кор кунанд. Шӯрои Миллии Сурия аз ҷумлаи мухолифони Сурия моҳи сентябр дар Истамбул ташкил шуда буд ва то ҳол ҳеҷ кишваре ин шӯроро ба расмият нашинохтааст. Моҳҳост бар зидди режими президент Башор Асад тазоҳуроти эътирозӣ идома дорад ва хонум Нэвӣ Пиллай-комиссари ҳуқуқи башари СММ гуфтааст, дар тазоҳуроти зидди режим беш аз се ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG