Пайвандҳои дастрасӣ

Янукович ва Медведев бо ҳам мулоқот мекунанд


Виктор Янукович

Виктор Янукович

Қарор аст имрӯз Виктор Янукович ва Дмитрий Медведев-руасои ҷамоҳири Украинаву Русия дар Украина бо ҳам мулоқот кунанд. Мулоқоти ин ду раҳбар дар шаҳри Донетск ба нақша гирифта шудааст ва онҳо ҳамкориҳои минтақаиро баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, ки масъалаҳои энержӣ дар садри масъалаҳои мавриди гуфтугӯи ҳар ду раҳбар қарор бигирад. Имкон дорад Медведев пешниҳоди Русияро дар бораи фурӯши гази арзонтар ба Украина матраҳ кунад, то ин ду кишвар ҳамкории наздик дошта бошанд. Дар гузашта Киев ба фишорҳои Русия муқовимат нишон медод ва саъй мекард бо Иттиҳодияи Аврупо наздиктар шавад. Аммо ҳукми 7 соли зиндон ба Юлия Тимошенко-нахуствазири собиқи Украина ва раҳбари мухолифон муносиботи Киев ва Бруселро сард кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG