Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии Гилод Шалит, сарбози исроилӣ


Гилод Шалит: Озодӣ пас аз панҷ соли асорат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:23 0:00
Линки мустақим

Созмони Ҳамос сарбози исроилиро пас аз панҷ соли асорат ва дар ивази садҳо зиндонии фаластинӣ раҳо кард.

Бар асоси созиши Ҳамосу Исроил дар мавриди табдили зиндониён бо Исроил Гилод Шалитро ба миёнҷигарони мисрӣ супурдаанд ва онҳо сарбозро ба артиши Исроил таслим карданд.
Гилод Шалити 19-сола, ки дар марзи Навори Ғазза посбонӣ мекард, соли 2006 рабуда шуда буд...


Бар асоси ин созиш, Исроил дар ивази Шалити 25-сола, ки аз соли 2006 дар Навори Ғаззаи таҳти контроли Ҳамос асир буд, бештар аз ҳазор зиндонии фаластиниро аз маҳбасҳояш раҳо хоҳад кард.

Мақомоти Ҳамос гуфтаанд, ки Гилод Шалит дар гузаргоҳи марзии Рафоҳ дар миёни Ғазза ва Миср дар ҳузури намояндагони Исроил ба ҳайати мисрӣ супурданд. Айни замон қарор аст, 477 зиндониёни фаластинӣ, ки Исроил раҳо кардааст аз гузаргоҳи Карим Шалом дар наздикии Рафоҳ вориди Миср шаванд.

Теъдоди зиёди онҳо ба Навори Ғазза бурда мешаванд ва 40 нафари дигар, ки дар Туркияву Сурия ва Қатар манзил доранд, то замони интиқолашон дар Миср мемонанд. Теъдоде аз маҳбусони фаластинӣ, ки бояд ба Каронаи Ғарбӣ бираванд, аз тариқи гузаргоҳи Битуния ба мақомоти Ташкилоти Худгардони Фаластин супурда хоҳанд шуд.


Субҳи сешанбе (19 октябр) корвони мошинҳои зиндониёни фаластинӣ, ки таҳти муҳофизати посбонони зиёд ба самти Каронаи Ғарб ва ба марзи Мисру Ғазза равона шуданд. Бар асоси созиш миёни Ҳамосу Исроил, ки бо миёнҷигарии Миср дар ҳафтаи гузашта ҳосил шуд, 550 зиндониёни дигари фаластинӣ то ду моҳи дигар озод карда мешаванд. Дар зиндонҳои Исроил тақрибан 6 ҳазор маҳбуси фаластинӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Фаластиниён дар саросари Каронаи Ғарбӣ ва Навори Ғазза барои истиқболи мутантани зиндониёни бозгашта омодагӣ мегиранд. Самӣ Абу Зӯҳрӣ, сухангӯи Ҳамос, бозгашти қарибулвуқӯъи тақрибан 300 зиндонӣ ба Навори Ғаззаро “як лаҳзаи таърихӣ” хонд. Телевизионҳо даҳҳо хонаводаи фаластиниро нишон доданд, ки дар марзи Миср мунтазири хешовандонашон фарёду хушҳолӣ мекарданд ва парчамҳои фаластиниро алвонҷ медоданд.

Мона Кафиша, яке аз онҳо, ки мунтазири бозгарди се писараш аст, мегӯяд: "Аймон ба 35 соли зиндон маҳкум шудааст ва 15 солашро адо кард. Ало ба 30 сол маҳкум шуд ва ҳашт соли зиндонашро адо кардааст. Луъай 19 сол гирифтааст ва 10 солашро адо кардааст. Онҳо ба Ғазза фиристода мешаванд. Мо хушҳолем, ки онҳоро хоҳем дид."

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил
Дар Исроил низ шӯру ҳаяҷон зиёд аст, ки дар ин ҷо Додгоҳи олӣ рӯзи душанбе дархости наздикони қурбониёни ҳамлаҳои тундравон барои ба таъхир гузоштани табодулро рад кард. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар номаи ба он аламдорони исроилӣ навиштааст: "Ман мефаҳмам пазируфтани он сахт аст, ки одамони пасте, ки алайҳи азизони шумо ҷиноятҳои зиште кардаанд, сазои аъмоли хешро ба таври комил нахоҳанд гирифт."

Марк Регев, сухангӯи нахуствазири Исроил дар ин бора гуфт: "Мо албатта намехоҳем, коре бикунем, ки ба нафъи терроористҳо бошад, онҳоро қавитар кунад ва ғайринизомиёни Исроилиро дар маърази хатари ҳамлаҳои ояндаи терористӣ гузоранд."

Гилод Шалити 19-сола, ки дар марзи Навори Ғазза посбонӣ мекард, рӯзи 25 июни соли 2006 аз тарафи аъзои гурӯҳҳои тундрави Фаластинӣ, аз ҷумла Ҳамос рабуда шуд. Се рӯз баъд аз ин Исроил ба хотири раҳоии ӯ амалиёти васеъмиқёсеро дар Навори Ғазза шурӯъ кард, ки 5 моҳ тӯл кашид ва 400 фаластиниро кушта бар ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG