Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинежод сӯиқасд ба сафири Саудиро иддао медонад


Маҳмуд Аҳмадинежод

Маҳмуд Аҳмадинежод

Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, иддаои Амрико дар бораи сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вошингтон ба иддаое дар бораи аслиҳаи куштори ҷамъии Ироқ шабоҳат дорад, ки Амрико соли 2003 пеш гузошта буд ва он баҳонаи таҷовузи Амрико ба Ироқ шуд. Ба гуфтаи вай, ин иддао низ ба ҳақиқат дуруст нахоҳад омад. Аҳмадинежод рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо телевизиони Алҷазира гуфт, Вошингтон сӯиқасди як эронӣ ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вошигтонро бофтааст ва бад-ин тариқ мехоҳад миёни Эрону Саудӣ нифоқ андозад ва дар минтақаи Халиҷи Форс ҳукм ронад. Додгоҳи федеролии Амрико ду нафарро ба гумони тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони сафири Саудӣ дар Вошингтон муттаҳам мекунад. Ҳоло яке аз онҳо, ки шаҳрванди эронитабори Амрико мебошад, дар боздошт дар Амрико ба сар мебарад. Нафари дуввум мақоми баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон мебошад.
XS
SM
MD
LG