Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбози исроилӣ Гилад Шалитро озод карданд


Гилад Шалит

Гилад Шалит

Чанд лаҳза пеш телевизион ва радиои артиши Исроил хабар дод, ки Гилад Шалит ба мақомоти исроилӣ супурда шудааст. Гилад 5 сол дар қаламрави зери контроли нируҳои Ҳамос дар Ғазза дар асорат ба сар мебурд. Ҳафтаи гузашта мақомоти Исроил ва Ҳамос бо миёнҷигарии Миср ба тавофуқ расиданд, ки Гилад Шалит бо зиндониёни фаластинӣ иваз шаванд. Акнун дар ин амалиёти доду гирифт, ба ҷои Гилад Шалит беш аз ҳазор нафар фаластиниро аз зиндонҳои худ раҳо мекунад, ки гуфта мешавад бештар аз нисфи онҳо тундравҳои фаластинӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG