Пайвандҳои дастрасӣ

ДНМ Тоҷикистон дар соли ҷорӣ афзоиш меёбад


Мизони даромади нохолиси миллии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 20 миллиард сомониро ташкил додааст, ки ба 4,2 миллиард доллар баробар аст. Дар ин бора “Азия Плюс” аз номи Ожонси омори вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ пешгӯӣ карда буд, ки мизони даромади нохолиси миллӣ дар соли 2011 30,2 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод. Соли ҷорӣ афзоиши воқеии ДНМ 6,5 дарсад ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда 24 704 миллиард сомонӣ буд.
XS
SM
MD
LG