Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикоят ба Вазорати маориф: "Омӯзгорон моро таҳқир карданд!"


Ин гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯянд, ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар мактаби рақами 1-и ин шаҳр мавриди таҳқири бархе аз омӯзгорон қарор гирифтаанд...

Ин гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯянд, ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар мактаби рақами 1-и ин шаҳр мавриди таҳқири бархе аз омӯзгорон қарор гирифтаанд...

Гурӯҳи таҷрибаомӯзони факултаи суханшиносӣ ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз шеваи бархӯрди омӯзгорони мактаби рақами 1-и ин шаҳр ба Вазорати маориф шикоят бурдаанд.

Онҳо дар баёнияи худ гуфтаанд, ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар мактаби рақами яки Кӯлоб аз тарафи муаллимаи фанни таърих Шарофат Сафарова ва директори он Муслима Ятимова таҳқир дидаанд.
Ҳеҷ кас ҳақ надорад, таҷрибаомӯзони ҷавонро таҳқир намояд. Онҳо омӯзгорони ояндаанд. Бояд тарзе муомила кард, ки нисбати касби омӯзгорӣ дилгарм шаванд...


Маҳмудҷон Раҳматов, як тан аз муаллифони ин баёния, ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз шиносоӣ бо хонандагони синфҳое, ки ба ин гурӯҳи таҷрибаомӯзон вобаста шуда буд, дар вақти танаффус ба хонаи муаллимон даромадаанд. Вале муаллима Сафарова онҳоро дағалона аз он ҷо ба берун рондааст: "Ятимова ва Сафарова худашонро соҳибони ин мактаб ҳисобида ва нисбати мо дағалона рафтор карданд. Моро гуфтанд, ки Шумо мисли говҳои шохзан ба синфхонаҳо медароед, шумо муаллимонро ҷавоб медиҳед, шумо бӯй мекунед, дар идораи муаллимон надароед."

Ин таҷрибаомӯзи ҷавон афзуд, пас аз таҳқири муаллима Сафарова, директори мактаб Ятимова низ дар саҳни мактаб ба онҳо гуфтааст, "дар ин ҷо наистед, бо ин роҳ раиси шаҳр ва мудири шӯъбаи маориф мегузарад ва ман намехоҳам, ки аз пушти Шумо шуда гап шунавам." Ба қавли Раҳматов, ин амали масъулини мактаб хилофи кори омӯзгорӣ буда ва онҳо аз Вазорати маориф хостаанд, ки "ин вазъият ва моҷарои дар мактаби рақами 1 рухдодаро тафтиш кунад.".

Мактаби рақами 1-и шаҳри Кӯлоб

Мактаби рақами 1-и шаҳри Кӯлоб


Ҷонона Давлатова, роҳбари таҷрибаомӯзони факултаи суханшиносӣ ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб низ мегӯяд, ки масъулини мактаби №1 шартномаи миёни донишгоҳ ва шӯъбаи маорифи шаҳр имзошударо иҷро накардаанд. Ба андешаи хонум Давлатова, пас аз ин моҷаро онҳо маҷбур шудаанд, ки таҷрибаомӯзонро аз мактаби №1 ба мактаби рақами 52-и шаҳри Кӯлоб интиқол диҳанд. Хонум Давлатова гуфт: "Бовар дорам, ки бе шартнома ягон кор барои таҷрибаомӯзӣ амалӣ намешавад. Мо бошем, дар асосӣ шартнома ба ин мактаб рафтем."

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Сайдамиров, мудири шӯъбаи маорифи минтақаи Кӯлоб амали масъулини рақами яки шаҳри Кӯлобро сахт маҳкум намуда, гуфт, онҳо барои ҳали ин қазия чораҳо мебинанд. Ба андешаи Сайдамиров, чунин рафтори омӯзгорон метавонанд, нобовариро дар дили ҷавонони таҷрибаомӯз нисбати касби омӯзгорӣ бедор кунад. Ӯ гуфт: "Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки таҷрибаомӯзони ҷавонро таҳқир намояд. Онҳо омӯзгорони ояндаанд. Бояд як тарзе муомила кард, ки нисбати касби омӯзгорӣ онҳоро дилгарм намуд."



Аммо бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки то кунун Вазорати маориф ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои ҷалби кадрҳои ҷавон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳамагонӣ кори дурустеро ба анҷом нарасондаанд. Ба қавли онҳо, ин боис шудааст, ки омӯзгорони ҷавон пас аз як соли корӣ дар мактаб, тарки касби омӯзгорӣ намуда, ба муҳоҷират бароянд. Азим Байзоев, коршиноси масоили маориф вобаста ба ин қазия мегӯяд, "хеле хуб мешавад вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар ин ҳолат як кумиссюни махсус ташкил намуда, ба он ҷо бифиристад. То ин қазияро ҳамаҷониба таҳлил намояд. Таҳлиле бошад, ки як дарси ибрат шавад ба мактабҳои дигар, донишгоҳҳои дигар ва донишҷӯён, ки дигар ба инхел ҳодисаҳо роҳ надиҳанд."

Ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулин дар макотиби минтақаи Кӯлоб 82 нафар омӯзгори ихтисосманд намерасад. Барои мисол, ба ҷои омӯзгори фанни забони русӣ омӯзгори фанни дигар ба хонандагон таълим медиҳад, ки ғайри қобили қабул аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG