Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот хостори бозбинии ҳукми М.Исмоилов ва У. Усмонов шуд.

Дуня Миятович, намояндаи ин созмон гуфтааст, ки ин ду хабарнигоре, ки рӯзи ҷумъаи гузашта маҳкум шуданд, бо ҷурми фаъолияти касбӣ таъқиб мешуданд ва дархости бозбинии ҳукми онҳо бояд муроот шавад.

Дуня Миятович изҳори умедворӣ кард, ки иттиҳомоти алайҳи хабарнигори “Нури зиндагӣ” Муҳаммадюсуф Исмоилов ва гузоришгари бахши узбакии Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Тоҷикистон Урунбой Усмонов лағв хоҳад шуд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов 35 000 сомонӣ ҷарима баста шуда, бо ҳукми додгоҳ барои 3 сол аз ҳаққи хабарнигорӣ маҳрум шуд. Аммо Урунбой Усмонов бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир 3 сол ҳукми зиндон гирифт, вале ба дунбол афв шуд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар нахустин вокуниши худ ба ҳукми додгоҳ гуфта буд, ки аз он чандон розӣ нест ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд: "Бовар кунед, аз ин ҳукм чандон розӣ нестам. Ба чӣ далел маро ҷарима ва ба мӯҳлати се сол аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳрум мекунанд? Наход даҳони кормандони васоити ахбори оммаро бубанданд. Ҳоло он, ки мо ба фоидаи ҷамъият кор кардем. Мо бештар аз камбудиҳо гуфтем ва ба ислоҳи он таъкид намудем, на чизе бештар аз он."

Урунбой Усмонов низ ба дунболи эълони ҳукми додгоҳ, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба хотири исбот кардани бегуноҳиаш ба додгоҳи болотар шикоят хоҳад бурд.

Хонум Миятович гуфт, ин ду қазияро зимни сафараш ба Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG