Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбулаҷали НАТО ба сербҳо ба поён мерасад


Имрӯз зарбулаҷали нирӯҳои ҳомии сулҳи НАТО ба сербҳои шимоли Косово ба поён мерасад. KFOR, ки дар Косово 5500 нерӯ дорад, гуфтааст, агар сербҳо худ ҳамаи 16 баррикадаро аз роҳҳои ба сӯи ду гузаргоҳи баҳсӣ дар марз бо Сербистон набардоранд, сарбозҳо ба ин иқдом хоҳанд кард. Дар поёни зарбулаҷал дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун масдуд кардани марзҳоро ғайриқобилиқабул хонд ва аз Белграду Приштина даъват кард, ин буҳронро аз роҳи гуфтугӯ ҳалл кунанд. Сербҳо 3 моҳ боз шоҳроҳҳоро баста, монеъи густариши назорати давлати умдатан албании Косово бар ин қаламрави сербнишин шудаанд.
XS
SM
MD
LG