Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати дастикам 25 тан дар хушунатҳои Ҳумс


Бино ба хабарҳо, нирӯҳои амниятии Сурия дар Ҳумс – яке аз пойгоҳҳои мухолифин – дастикам 25 нафарро куштаанд. Ройтерс аз қавли сокинон хабар дод, ки набардҳои дирӯза дар Ҳумс дар пайи истиқрори шибҳанизомиёни тарафдори режими Башор Асад дар манотиқи суннинишин оғоз ёфта, ба танишҳо байни аксарияти суннӣ ва ақалияти алавӣ, ки Асад низ аз он пайравӣ мекунад, мунҷар шуд. Хушунатҳои ахир ҳамагӣ як рӯз баъд аз нишасти Лигаи араб аст, ки мизбонии музокироти мухолифин бо Димишқро пешниҳод кард.
XS
SM
MD
LG