Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии СММ аз идомаи эъдомҳо дар Эрон


Аҳмад Шаҳид

Аҳмад Шаҳид

Бино ба гузориши нави СММ, режими худкомаи Эрон садҳо маҳбуси маҳкум ба қатлро махфиёна эъдом мекунад. Дар гузориши ҷадиди Аҳмад Шаҳид, гузоришгари нави СММ дар масъалаи ҳуқуқи башари Эрон, аз ҷумла ба эъдомҳои мармуз дар зиндони Вакилободи Машҳад дар шарқи Эрон таъкид шудааст. Ба ҳисоби Human Rights Watch, соли гузашта дар Эрон 388 ҳукми эъдом иҷро шудааст. Amnesty International дар бораи 252 чунин маврид хабар медиҳад. Дар ҳар сурат, Эрон дар соли 2010 аз лиҳози теъдоди маҳбусони эъдомшуда баъди Чин дар мақоми дуввум аст.
XS
SM
MD
LG