Пайвандҳои дастрасӣ

Табодули Шолит бо фаластиниҳо оғоз меёбад


Гилод Шолит

Гилод Шолит

То чанд соати дигар иҷрои муомилаи раҳоии як сарбози Исроил дар ивази садҳо маҳбуси фаластинӣ оғоз меёбад. Додгоҳи олии Исроил шаби душанбе тақозои хешовандони исроилиҳои дар ҳамалоти фаластиниҳо кушташударо радд кард ва охирин мониаро аз роҳи ин муомилаи байни Исроил ва Ҳамос бардошт. Имрӯз 477 фаластинии раҳошударо ба биёбони Синайи Миср бурда, бо Гилод Шолит иваз мекунанд. Шолит ҳанӯз аз соли 2006 дар Ғаза дар асорати Ҳамос қарор дошт. Дар марҳалаи дуввуми ин табодул, ки бояд то 2 моҳи дигар анҷом шавад, боз 550 маҳбуси фаластинӣ озод хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG