Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон омодаи бозрасии сӯъиқасди эҳтимолист


Алиакбар Солеҳӣ
Алиакбар Солеҳӣ
Вазири хориҷаи Эрон гуфт, Теҳрон омодаи бозрасӣ ба он маълумоти Амрикост, ки Эронро ба таҳияи сӯъиқасд ба ҷони сафири Саудӣ дар Вошингтон айбдор мекунад. Хабаргузории ИРНО аз қавли Алиакбар Солеҳӣ овард, ки Эрон “омодаи бозрасии ҳар масъала, ҳатто агар сохта ҳам бошад, ҳаст.” Солеҳӣ гуфт, Эрон аз Амрико маълумоте хостааст, ки иттиҳомоташро тавҷеҳ кунад. Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин хостори дастрасии консулаш ба нафаре шуд, ки бо иттиҳоми ташкили ин сӯъиқасд боздошт шудааст. Русия низ хостори донистани шавоҳиди Амрико пиромуни ин қазия шудааст.
XS
SM
MD
LG