Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин худро "пуркортарин" раҳбари Русия номид


Владимир Путин

Владимир Путин

Сарвазири Русия Владимир Путин худро “пуркортарин” раҳбари Русия аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ин сӯ номид, вале гуфт, суботи Русия ҳамчунон осебпазир боқӣ мемонад. Путин дар як мусоҳибаи муфассал бо 3 шабакаи телевизионии Русия гуфт, чанд гоми иштибоҳӣ кофист, ки Русия дигарбора ба вартаи ҳарҷумарҷи солҳои 90 баргардад. Ин нахустин мусоҳибаи Путин баъди пешбарии номзадиаш ба интихоботи моҳи марти соли 2012 буд. Путин гуфт, азми ӯ барои давраи севвуми раёсат боз ҳам ҳаққи интихобро пеши мардум боқӣ мегузорад.
XS
SM
MD
LG