Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масҷидравӣ боиси барканории як қозии қазоқ шуд


Додгоҳи олии Қазоқистон қарори барканории як қозии додгоҳи шаҳри Оқтеппаро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Шӯрои назорати дохилии додгоҳи вилояти Оқтеппа Ағизбек Толегеновро дар поёни сентябр бо ҷурми иртибот бо тундравони мазҳабӣ барканор кард. Ба ақидаи ин додгоҳ, Толегенов пайваста ба масҷиди Оқтеппа мерафт ва дар он ҷо бо аъзои гурӯҳҳое, чун Ҷамоати Таблиғ, мулоқот мекард.
Аммо Толегенов, ки 18 сол собиқаи кор дар додгоҳ ва 14 сол собиқаи қозигӣ дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иттиҳомро беасос хонда, гуфт, ба масҷид фақат барои адои намоз мерафт, чунки ба Худо эътиқод дорад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, таъқиби Толегенов нақзи асли озодии мазҳаб аст.
XS
SM
MD
LG