Пайвандҳои дастрасӣ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз 3 миллиард гузашт


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 3 миллиарду 278,8 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба айни давраи соли қаблӣ 24,3 дарсад бештар аст. Аммо таносуби байни содирот ва воридот шадидан манфӣ боқӣ монда, ба 1,4 миллиард доллар расидааст. Бино ба омори расмӣ, Тоҷикистон имсол ба хориҷ ба маблағи 951 миллион доллар мол фурӯхта, ба маблағи 2 миллиарду 326 миллион доллар мол ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG