Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард


Хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон нақшаи солонаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кардаанд. Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзӣ, то имрӯз дар кишвар 391 000 тонна пахта ҷамъ овардаанд, ки назар ба нақша 1000 тонна ва назар ба соли гузашта 88 000 тонна бештар аст. Соли гузашта дар Тоҷикистон аз 160 000 гектар замин 303 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд. Имсол ба маҳзи афзоиши нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ майдони кишти он ба 205 000 гектар расонда шуд.
XS
SM
MD
LG