Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, Беларус ба ислоҳоти амиқ ниёз дорад


Як мақоми Сандуқи байналмилалии пул имрӯз гуфт, ки ҳукумати Беларус бояд омодагии қавиашро барои анҷоми ислоҳоти мутобиқ ба меъёрҳои ин созмон намоиш диҳад. Ҳукумати Александр Лукашенко аз Сандуқи байналмилалии пул хостааст, ки ба ин кишвар дар ҳаҷми 7 миллиард доллар қарз пешкаш кунад. Раиси ҳайати ин созмон дар Беларус Крис Ярвис баъди мулоқот бо мақомоти Беларус гуфт, ки Минск бояд “ӯҳдадории комилашро барои эътидол ва ислоҳот, аз ҷумла дар баландтарин сатҳ” пеш аз шурӯи музокирот намоиш диҳад. Ярвис дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Минск ба ислоҳоти амиқи сохторӣ ниёз дорад.

“Мақомот инчунин бояд кори худро дар самти ислоҳоти сохторӣ, бахусус дар бахши хусусӣ, хусусигардонӣ, озодшавии нархҳо ва ислоҳоти сохтори бонкӣ тавсеа бахшад. Ислоҳоти амиқу тӯлонимуддат ба Беларус барои дастёбӣ ба рушди қавиву давомдор ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ дар дарозмуддат зарур аст”.

Вай афзуд, ки музокираҳо ҳанӯз на дар пояи таъйини ҳаҷми қарз буда, Беларус бояд дар коҳиши сатҳи таваррум, ки имсол аз марраи 60 дар сад убур кард, иқдом кунад.
XS
SM
MD
LG