Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи раҳоӣ аз фақр дар куҷост?


Рӯзи 17 октябри соли 1987 бештар аз сад ҳазор нафар дар Порис ҷамъ омада хотираи қурбониёни фақру зӯровариро ёд карданд.

Мардуми баҳамомада таъкид карданд, ки фақр низ бахше аз нақзи ҳуқуқи инсон аст. Аз он замон мардумони зиёди ҷаҳон дар гӯшаҳои мухталифи дунё ҳар сол дар ин сана ба хотири гиромидошт ва эҳсоси ҳамраъйи бо мардуми камбизоату фақир ҷамъ мешаванд. Дар зимн соли 1992 СММ низ рӯзи 17 октябрро рӯзи мубориза бо қашшоқӣ элон кард.

Тоҷикистон низ аз шумули кишварҳоест, ки ҳудуди 50 дарсади мардумаш зери хати фақр зиндагӣ мекунад. Ҳарчанд дар як даҳсолаи ахир шумораи мардуми бебизоат чанд дар сад поин рафт, аммо буҳронҳои ахири иқтисодӣ, гароншавии қимати молу маҳсулот ва чанд омили дигар эҳтимоли дубора боло рафтани хати фақрро афзоиш додааст.

Радиои «Озодӣ» дар як сӯбат аз роҳгузарҳо суол кард, ки ба назари онҳо омилҳои аслии фақр дар Тоҷикистон кадомҳоянд ва роҳи раҳоӣ аз фақрро дар куҷо бояд ҷуст?

Омилҳои қашшоқӣ дар Тоҷикистон кадомҳо мебошанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00
XS
SM
MD
LG