Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон аз Афғонистону Амрико норозӣ аст


Низомиёни покистонӣ гуфтанд, алорағми тақозоҳои батакрори Исломобод, нирӯҳои Афғонистон ва ИМА натавонистанд зидди рӯҳониёни Толибон, ки масъули рейдҳои марзӣ ҳастанд, иқдом кунанд. Низомиён гуфтанд, ки дар рейдҳои ҷангиёни вафодор ба Мавлавӣ Файзуллоҳ тахминан 100 нафар аз амниятиҳои Покистон кушта шуданд. Файзуллоҳ раҳбари Толибони Покистон дар водии Свот буд ва амалиёти зиддиҷангиён дар соли 2009 ӯро водор ба тарки ин маҳал кард. Сухангӯи артиши Покистон генерал-майор Атҳар Аббос дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters гуфт, ки “мушкил ин ҷоро тарк кардан намехоҳад” ва афзуд, ки гурӯҳи Файзуллоҳ талош дорад дубора тавассути минтақаи шимолшуғарбии Дир вориди водии Свот шавад. Покистон ҳоло зери фишори афзояндаи ИМА қарор дорад, ки муборизаҳои Исломободро зидди шӯришиён нокофӣ медонад.
XS
SM
MD
LG