Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия талош дорад дубора сабтином шавад


Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов
Дар шаҳри Перм анҷумани Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия баргузор шуд. Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия ба раҳбарии Абдулло Давлатов натавонист феврали соли 2009 дар вазорати адлияи Русия муҷаввизи сабти номи худро тамдид кунад ва муроҷиаташ ба додситонии кулли ин кишвар низ бенатиҷа монд. Баргузории анҷумани ин созмон дар вилояти Перм, ки ба хотири қонунӣ ва сабтиномшуда будани бахши вилоятии ин созмон дар минтақа имконпазир шуд, бо ҳадафи дубора ба ҳам овардани тоҷикони маҳаллӣ зери чатри иттиҳод сурат гирифт. Тибқи гузориши хабаргузории “Ховар”, дар анҷуман беш аз 60 узви Иттиҳоди тоҷикон, ҳамчунин намояндагони маъмурияти вилояти Перм, хадамоти муҳоҷират ва раёсати умури дохилаи маҳаллӣ иштирок карданд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Абдулло Давлатов, раиси ин созмони сабтиномнашуда гуфт, ки аъзои иттиҳод дубора талош хоҳанд кард фаъолияти худро расмӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG