Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Даҳони баста"-и милисаҳо дар Кӯлоб


Бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ

Бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ

Рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, мақомоти милисаи Кӯлоб дигар дар бораи кору фаъолияти худ ба онҳо иттилоъ намедиҳад.

Ба гуфтаи онҳо, тайи як моҳи ахир Шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, мизҳои шиносномадиҳӣ ва Бозрасии давлатии автомобилӣ аз додани ҳамагуна иттилоъ ба хабарнигорон худдорӣ мекунанд.

"...РАФТА АЗ ВАЗИР ПУРС"

Билоли Шамс, як тан аз хабарнигорони маҳаллӣ мегӯяд, дар як соли пеш аксари сардорони Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб омодаи сӯҳбат бо рӯзноманигорон буданд, вале ҳоло бо далелҳои гуногун намехоҳанд, иттилоеро дар ихтиёри рӯзноманигорон гузоранд.

Ӯ мегӯяд: «Вобаста ба ягон ҳодиса ё ягон коре, ки бевосита ба онҳо дахл дорад, муроҷиат мекунам ё баҳона мекунанд ва ё тамоман иттилоъ намедиҳанд. Барои мисол, чанд рӯз пеш барои гирифтани иттилоъ ба назди Искандаров, сардори ШКД-и Кӯлоб рафтам, гуфт, ки сӯҳбат намекунам. Сардори шӯъбаи корҳои дохилии Фархорро дар масъалаи дигаре пурсидам, гуфт, ки ин масъаларо рафта аз вазир пурс. Дар ҳоле, ки суолҳои мо бевосита ба фаъолияти кории худи онҳо дахл дошт. Ҳозир гирифтани иттилоъ тамоман аз ин ниҳод номумкин шудааст».

ОЁ ФАРМОН АЗ БОЛО АСТ?

Сулаймон Холзода, яке дигар аз хабарнигорони маҳаллӣ мегӯяд, ба ӯ ҳам намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ, мизҳои шиносномадиҳӣ гуфтаанд, ки «аз боло фармон аст, ки дигар ба рӯзноманигорон сӯҳбат накунед.»

Бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон

Бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон

Ҷаноби Холзода афзуд: «Ҳангоми муроҷиат мегӯянд, ки рафта аз вазири корҳои дохилӣ мактуб биёред, баъд сӯҳбат мекунем ва иттилоъ медиҳем. Ба гуфтаи баъзеи онҳо, гӯё Вазорати корҳои дохилӣ мактуб равон кардааст, ки ба журналистон ахбор надиҳед.»

Орзу Ҳамидов, хабарнигор ва муассиси ҳафтаномаи «Пажвок» дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар сурати талоши бештар барои гирифтани иттилоъ аз мақомоти милиса, онҳо ба гирифтани иттилоъ аз маркази матбуотӣ ишора мекунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ хабарнигори маҳаллӣ ба маркази матбуотии ин Вазорат дастрасӣ надорад. Аз сӯи дигар, ба қавли ӯ, ҳар як мансабдор ва масъул тибқи қонунҳои Тоҷикистон дар додани иттилоъ мустақиланд.

Орзу Ҳамидов афзуд: «Ин амали масъулини милиса фазои холии иттилоотии минтақаи Кӯлобро боз ҳам холитар мекунад. Аз тарафи дигар як рӯзноманигори маҳаллӣ то ба Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат мекунад, ки ин хабар кӯҳна мешавад ва аҳамияти худро аз даст медиҳад. Дар ягон гӯшаи дунё чунин нест ва ҳама масъулин салоҳият доранд, ки дар доираи он метавонанд, сӯҳбат кунанд. Имрӯз ҷинояткорӣ афзоиш ёфтааст ва фикр мекунам, ки милисаҳо барои коҳиш додани он аз ВАО истифода кунанд, на ин ки аз он гурезанд.»

МАСЪУЛИН АЗ ШАРҲИ МАВЗУЪ ХУДДОРӢ МЕКУНАНД

Дар ҳамин ҳол, ягон масъули Шӯъбаи корҳои дохилӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мизҳои шиносномадиҳӣ розӣ нашуданд, то бо «Озодӣ» мавзӯъи иттилоъ надоданашонро шарҳ диҳанд. Танҳо як масъули милиса, ки нахост, номашро зикр кунем, гуфт, акнун пас аз додани иттилоъ онҳо аз масъулини болоӣ сарзаниш мешунаванд. Ӯ гуфт: «Мо дар болои худ роҳбар дорем. Гуфтанд, ки сӯҳбат накунед, намекунем.»

Ин дар ҳолест, ки ҳоло дар минтақаи Кӯлоб дуздии амволи сокинон, фавти мӯътодон аз ҳисоби истеъмоли зиёди маводи мухаддир, садамаҳои нақлиётӣ афзоиш ёфтааст, вале милисаҳои маҳаллӣ барои коҳиш додан ва пешгирии чунин ҳодисаҳо ҳеҷ тарғиботе тариқи Васоити ахбори омма анҷом намедиҳанд.

Рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, онҳо иттилоеро мехоҳанд дастрас кунанд, ки пахши он тариқи аз ВАО ба манфиати ҷомеа хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG