Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон омода нест шомили Иттиҳоди гумрукӣ шавад


Иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Қирғизистон Омурбек Бабанов гуфт, кишвари вай омода нест, ки 1 январи соли 2012 ба узвияти Иттиҳоди гумрукии Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд шомил шавад. Бабанов дар ҷараёни нишасти гурӯҳи кории вижа ба раҳбарии вазири иқтисод гуфт, ки баъди ошноии дубора бо тафсилоти шарту шурути узвият дар ин иттиҳод бо Қазоқистону Беларус ба натиҷае расиданд, ки Қирғизистон наметавонад меъёрҳои узвиятро то мӯҳлати муқарраршуда ба иҷро расонад. Мақомҳои баландпояи Қирғизистон аз ҳукумат даъват доранд, ки кишварашон ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил шавад. Ба бовари Бабанов, дар сурати шомилшавии Қирғизистон ба ин иттиҳод, ҳазорҳо мардуми машғул дар бозорҳои ҷануби Қирғизистон бекор мемонанд.
XS
SM
MD
LG