Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали афғон: "Мо на барои муттаҳам кардани ҳамдигар ба Тоҷикистон омадем"


Bozmahmad Ahmadi
Bozmahmad Ahmadi
Имрӯз ҳайати вазорати дохилаи Афғонистон дар раъси муовини вазир, генерал-полковник Бозмаҳмад Аҳмадӣ гузаргоҳи марзии Теми Хоруғро убур карданд. Интизор меравад ҳайат фардо бо раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва сохторҳои қудратии вилоят мулоқот карда, баъди баргузории нишасти хабарӣ ба Душанбе меравад. Мақомот мегӯянд, ки боздиди ҳайати афғонӣ аз Тоҷикистон дар доираи барномаҳои муштараки мубориза бо маводи мухаддир сурат мегирад. Генерал Бозмамад Аҳмади дар посух ба суоли хабарнигори «Озоди» , ки оё дар ҳоле, ки вақтҳои охир генелраҳои тоҷику афғон ҳамдигаррро муттаҳам мекунанд, ки марз хуб ҳимоя намешавад, ба таҳкими комили марзи Тоҷикистону Афғонситон пас аз ихроҷи русҳо умедвор будан мумкин аст, гуфт, ки “мо ин ҷо на ба хотири муттаҳам кардани ҳамдигар омадем”:


“Мо барои он наомадем, ки ҳамдигарро муттаҳам бикунем, он таҳаҳудеро, ки дар Кобул доштем, барномаи асосии мо ин аст, ки муштаракан бо пулиси мухаддароти ҳар ду кишвар ба хотири таҳкими марз ва ҷилавгири аз қочоқи маводи мухаддар ва убури ғайриқонунии марз руи баъзе барномаҳо суҳбат биккунем”.


Сафари мақомоти ҳифзи қонуни Афғонистон ба Тоҷикистон чанд рӯз идома хоҳад кард.

Мирзоҷалоли Шоҳҷамол
XS
SM
MD
LG