Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Генерали афғон: "Мо наомадаем, ки якдигарро муттаҳам кунем"


Истиқбол аз ҳайати афғонӣ дар Бадахшон, 17 октябр 2011

Истиқбол аз ҳайати афғонӣ дар Бадахшон, 17 октябр 2011

Як ҳайати афғонӣ дар раъси муовини вазири дохилаи ин кишвар Бозмуҳаммади Аҳмадӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Ин ҳайат, ки аз тариқи гузаргоҳи Теми Хоруғ вориди Тоҷикистон шудаанд, интизор меравад фардо бо раиси вилояти Бадахшон, идораҳои қудратии вилоят мулоқот карда, пас аз баргузории як нишасти хабарӣ ба Душанбе меравад.

Ба гуфтаи сардори шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонуни маводи нашъадор Саъдулло Раҳматуллоев, сафари ҳайати афғонӣ ба Тоҷикистон дар доираи иҷрои тааҳҳуди давлатҳои чаҳоргона бар зидди маводи мухаддар сурат гирифта, дар ҷараёни сафар санади ҳамкорӣ низ ба имзо мерасад.

Вай гуфт, дар мулоқот кормандони Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, афсаронеро, ки дар вилоятҳои Бадахшон ва Тахор адои хизмат мекунанд, даъват кардаанд ва дар баробари ин намояндагони пулиси Афғонистон ва намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Ҳайати афғонӣ ҳини ворид шудан ба Тоҷикистон

Ҳайати афғонӣ ҳини ворид шудан ба Тоҷикистон

Генерал Бозмуҳаммад Аҳмадӣ дар посух ба суоли хабарнигори "Озодӣ" дар ин бора, ки вақтҳои ахир генералҳои тоҷику афғон ҳамдигаррро муттаҳам мекунанд, ки марз хуб ҳимоя намешавад, оё ба таҳкими комили марзи Тоҷикистону Афғонистон умедвор будан мумкин аст, изҳор дошт: "Мо барои он наомадем, ки ҳамдигарро муттаҳам бикунем. Барномаи асосии мо ин аст, ки муштаракан бо пулиси мухаддароти ҳар ду кишвар ба хотири таҳкими марз ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддар ва убури ғайриқонунии марз, рӯи баъзе барномаҳо сӯҳбат бикунем, ки чӣ тур метавонем, марзҳоро бештар таҳким ва тақвият бахшем ва гумрукҳоро контрол бикунем, равобитро бештар таҳким бахшем, то битавонем мушкилоте, ки қаблан вуҷуд доштанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз он талош шавад. Агар тасмим бигирем ва ирода бикунем ва талош бикунем ва барнома дошта бошем ба хотири ҷилавгирӣ ва содиқ бошем дар гуфтор ва амалкардҳоямон, ҳеҷ мумкин нест, ки марзро контрол карда натавонем. Агар сад фисад натавонем, қисмати аъзами онро метавонем, ки контрол бикунем."

Генерали афғон сафари ҳайатро ба Тоҷикистон талоше барои иҷрои таааҳҳудоти қаблӣ дар мавриди ҳамкориҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи мухаддирот ва убури ғайриқонунии марз арзёбӣ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG