Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Садат дар ҳамлаи маргталабе ҷон ба саломат бурд


Мақомоти вилояти шимолии Фарёби Афғонистон мегӯянд, ки як шаҳодатталаб имрӯз ба корвони раҳбари хадамоти иктишофии вилоят ҳамла анҷом дод. Дар ҳодисаи шаҳри Маймана писарбачае кушта шуд. Бомбгузор дар наздикии мошини генерал Сайёд Аҳмад Садат инфиҷор кард. Худи генерал ва чаҳор тани дигар дар ин ҳодиса бо ҷароҳатҳои мухталиф ҷон ба саломат бурданд.
XS
SM
MD
LG