Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин пирӯзии таъминшудаи интихоботиро рад кард


Телевизионҳои марказии Русия пораҳое аз мусоҳибаи хоси нахуствазири кишварро нашр мекунанд, ки дар он Владимир Путин пирӯзии таъминшудаи худро дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли оянда рад мекунад. Дар мусоҳибаи телевизионӣ, ки қарор аст шоми имрӯз намоиш дода шавад, вай мегӯяд, ки “барои шаҳрвандони қатории кишвар ҳамеша шонси пирӯзӣ вуҷуд дорад”. Вай инчунин дар бораи интихоботи моҳи декабри парлумонӣ сӯҳбат карда мегӯяд, ки ҳизби ҳокими “Русияи воҳид”, ки Путин раҳбараш аст, бояд баъди интихобот ҳам дар сафи пеш боқӣ монад.
XS
SM
MD
LG