Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Лориҷонӣ ба Душанбе. Баҳси ҳамкориҳо бо Эрон


Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон
Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон, рӯзҳои 20 ва 21-уми октябр бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.

Аммо то ин ки Лориҷонӣ ба шаҳри Душанбе бирасад, дар Бишкек –пойтахти Қирғизистон фуруд омада, бо мақомҳои баландпояи он кишвар дидору мулоқот анҷом хоҳад дод.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, оқои Лориҷонӣ дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ дидору гуфтугӯ мекунад.

Манбаъ афзуд, дар ин гуфтугӯҳо бештар тақвияти ҳамкориҳои миёни Душанбеву Теҳрон баррасӣ хоҳанд шуд.

Ин сафари Алии Лориҷонӣ дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки дар пайи сардии равобиташ бо Маскав дар як соли ахир, Душанбе рӯи худро ба сӯи Теҳрон гардондааст. Ҳатто барои нахустин бор ва бар рағми мухолифати Узбакистон беш аз сад сарбозу афсари артиши Эрон дар паради низомии бахшида ба 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон иштирок карданд.

Он рӯзҳо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев аз иштироки низомиёни Эрон дар ҷашни истиқлоли кишвар истиқбол кард ва бидуни пардапӯшӣ гуфт, ки агар лозим шавад, дар тӯли ду соат артиши Эрон ба Тоҷикистон хоҳад расид.

Аҳмадинажод: Куҷо беҳтар аз Тоҷикистон аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
Линки мустақим

Гузашта аз ин, дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон гуфт, "интиқоли обу барқ аз Тоҷикистон ба Эрон, хатти оҳан ва ҷода ва ҳамин тур, мутолиаи интиқоли энержӣ, яъне нафт ва газ аз Эрон ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Куҷо беҳтар аз Тоҷикистон аст, ки мо ба ӯ нафт ё газ мунтақил бикунем?"

Рӯзи якшанбе (16 октябр) сафири Тоҷикистон дар Эрон низ дар дидор бо устондори Ҳурмузгон ба густариши равобити Душанбеву Теҳрон таъкид кардааст. Хабаргузориҳои расмии Эрон менависанд, Давлаталӣ Ҳотамов гуфтааст, “равобити Тоҷикистону Эрон хуб аст ва бояд густариш ёбад.”
XS
SM
MD
LG