Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футбол: Натоиҷи бозиҳои сабқати Лигаи олӣ


Бозии даврҳои 32 ва 33-юми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

"Энергетик" – ССКА "Помир" – 3:1
"Хуҷанд" - "Вахш" – 0:0
"Парвоз" - "Равшан" – 0:3 (техникӣ)
"Регар-ТадАЗ" - ССКА "Помир" – 1:1
"Парвоз" - "Вахш" – 1:2
"Энергетик" - "Хайр" – 2:1
"Хуҷанд" – "Равшан" – 3:2


Ду бозии даври 34-ум рӯзи 19 октябр баргузор мешавад:

ССКА "Помир" – "Хайр"
"Парвоз" – "Хуҷанд".


Се бозии дигари даври навбатӣ – "Гвардия-"Вахш", "Энергетик"-"Регар-ТадАЗ" ва "Истиқлол"-"Шодмон" ба иллати ширкати дастаҳои "Вахш", "Регар-ТадАЗ", "Энергетик" ва "Истиқлол" дар даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Дар бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон, рӯзи 19 -уми октябр, дар варзишгоҳи "Авиатор"-и Душанбе дастаи "Истиқлол" бо "Энергетик" ва дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа дастаи "Вахш" бо "Регар- ТадАЗ" қувваозмоӣ хоҳанд кард. Оғози ин бозиҳо соати 15.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоӣ рӯзи 22-юми октябр баргузор хоҳанд шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Регар-ТадАЗ"

29

21

4

4

75-22

67

2.

"Равшан"

29

21

2

6

55-26

65

3.

“Истиқлол”

22

19

1

2

61-13

58

4.

"Хайр"

28

15

3

10

55-29

48

5.

“Энергетик”

29

15

3

11

54-44

48

6.

ССКА “Помир”

28

13

2

13

50-49

41

7.

"Хуҷанд"

29

11

5

13

40-51

38

8.

"Вахш"

28

10

3

15

27-33

33

9.

“Парвоз”

30

7

4

19

30-60

25

10.

“Шодмон”

31

6

2

23

32-82

20

11.

"Гвардия"

29

2

3

24

25-95

9

Ба гуфтаи Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории Федератсиюни футболи Тоҷикистон, ду бозӣ миёни дастаҳои "Шодмон" - "Хайр" (даври 38) ва "Гвардия" - "Равшан" (даври 43) пешакӣ 23-юми октябр баргузор мешавад.

Инчунин, ҷаноби Аҳмадов иттилоъ дод, ки бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон - 2011 рӯзи 26-уми октябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа соати 14 оғоз меёбад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин алъон Комил Саидов (ССКА "Помир") ва Габриэл Донто ("Энергетик") бо 17-голӣ пешқадаманд. Юсуф Рабиев ("Истиқлол") ва Фозил Сатторов ("Равшан") 16-голӣ ва Фарҳод Тоҳиров ("Истиқлол") 15 гол задаанд.
XS
SM
MD
LG