Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҳалворо ҳаким хӯрад..." Оқибати расвоии "Кобулбонк"


Бинои "Кобулбонк" дар пойтахти Афғонистон

Бинои "Кобулбонк" дар пойтахти Афғонистон

Вулусӣ Ҷирга - маҷлиси поёнии порлумони Афғонистон пешниҳоди пардохти 51 миллион доллар аз буҷаи давлат ба бонки миллии ин кишвар ба хотири ҷуброни зиёни ин бонк аз мудохила дар моҷарои расвоии “Кобулбонк”-ро тасвиб кард.

Доктор Умар Зохилвол, вазири молияи Афғонистон ба аҳли порлумон гуфт, дар ғайри сурати тасвиби ин пешниҳод давлат аз 288 миллион доллар кӯмаки байнулмилалӣ ба буҷа ва тақрибан 125 миллион доллар ёрии дигар ба барномаҳои рушди Афғонистон маҳрум хоҳад шуд.

Ҷаноби Зохилвол гуфт, чунин ҳол метавонад дасти кобинаи вазиронро аз пардохти маоши ақшоре, чун устодони макотиб ва маъмурони пулис, кӯтоҳ кунад.

Умар Захилвол, вазири молияи Афғонистон

Умар Захилвол, вазири молияи Афғонистон

Ӯ афзуд: "Адами ҳаллаш моро бештар дар буҳрон тоб мекунад. Роҳе ба ҷуз ҳаллаш ҳам надорем. Хушбахтона, мо як миқдор пулро дар захира доштем ва масорифот то имрӯз аз ҳамин захира сурат мегирад. Вале мо инро наметавонем ба моҳҳои дигар давом бидиҳем. Шояд 2-3 моҳи дигар бирасад. Агар аз он ба баъд донорҳо кӯмакро оғоз накунанд, шояд ба он ҳадде бирасем, ки натавонем ҳатто маоши муаллимону пулис ва кормандони дигари давлатро бидиҳем. Ҳамчунин, агар бубинем, арзиши афғонӣ дар муқобили асъори хориҷӣ пойин омадааст."

“Кобулбонк” як сол пеш варшикаста шуд. Гуфта мешавад, сармоягузории иштибоҳӣ ба бозори манзили Имороти Араб, ки қиматҳояш дар пайи буҳрони соли 2008 шадидан пойин рафт, ва ҳам вомҳои бузурги пуримтиёз ба афроди баландпояи ҳукумати Афғонистон, ки ноиби раисиҷумҳур Муҳаммадқосими Фаҳим ва Маҳмуди Карзай - бародари раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай - дар ҷумлаи бузургтарин вомдоронаш ном бурда мешаванд, боиси ба вартаи мушкилоти молӣ рафтани “Кобулбонк” шуд.

Гуфта мешавад, ин бонк дар маҷмӯъ ба маблағи 850 миллион доллар вомҳои бидуни тазмину санад додааст, аз ҷумла ба чунин афроди мутанаффиз.

Абдулқодир Фитрат

Абдулқодир Фитрат

Дар моҳи июни соли равон раиси пешини бонк Шерхон Фарнуд ва мудиромили собиқаш Халилуллоҳ Фирӯзиро боздошт карданд. Ба дунбол, Абдулқодири Фитрат, раиси Бонки марказии Афғонистон аз кишвар фирор кард ва аз мақом истеъфо дод. Ҳарчанд худи ӯ мегуфт, сабаби фирораш хатаре буд, ки ба ҷони ӯ дар Афғонистон таҳдид мекард, вале Ваҳид Умар, сухангӯи Ҳомиди Карзай гуфт, далели аслии фирори раиси Бонки марказӣ хеле соддатар аст, чунки дар иртикоби моҷарои “Кобулбонк” бояд ӯро низ ба додгоҳ мекашонданд.

Сафири Амрико дар Кобул Карл Эйкенкеррӣ “Кобулбонк”-ро “як шабакаи азими ғоратгарӣ” номид ва созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи пул, дар пайи ин моҷаро таҳвили кӯмакҳо ба давлати Афғонистонро ба таълиқ дароварданд. Сандуқи пул аз Кобул талаб кардааст, то 73 миллион доллар пули дар расвоии “Кобулбонк” гумкардаи Бонки марказиро баргардонад.

Муҳаммадқосими Фаҳим аз ҷумлаи бузургтарин вомдорони "Кобулбонк" будааст...

Муҳаммадқосими Фаҳим аз ҷумлаи бузургтарин вомдорони "Кобулбонк" будааст...

Доктор Умар Зохилвол, вазири молияи Афғонистон гуфт, 22 миллион доллар алакай аз ҳисоби вомдорони “Кобулбонк” ба Бонки миллӣ таҳвил шуда ва танҳо ҳамин 51 миллион доллар мемонад, ки саддро аз роҳи идомаи ироаи кумакҳо ба барномаҳои рушди кишвар бардоранд. Абдурауфи Иброҳимӣ, раиси Вулусӣ Ҷирга - порлумони Афғонистон вақте ин мавзӯъро ба раъйгирии вакилон мегузошт, гуфт: “Ҳукумат тақозо намуда, то 51 миллион долларро барои ҷуброни коҳиши сармояи Бонки марказӣ тасвиб намояд. Касоне, ки мувофиқ бошанд, корти сабз ва касоне, ки мухолифанд, корти сурх бардоранд. Бо аксарияти оро тасвиб шуд.”

Танҳо ду узви парлумон ба ин пешниҳод раъйи мухолиф доданд.
Ин 73 миллион доллар маблағест, ки Бонки марказии Афғонистон ба хотири пешгирӣ аз расвоии “Кобулбонк” тахсис дода буд. Сандуқи байналмилалии пул ба Бонки марказии Афғонистон пас додани ин маблағро шарти азсаргирии кумакҳояш ба Кобул хондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG