Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба хабарҳо, нирӯҳои Шӯрои миллии гузори Либия ҷабҳаи набардро то дохили Банӣ Валид бурдаанд. Банӣ Валид аз охирин пойгоҳҳоест, ки ба муқовимат идома медиҳад. Як фармондеҳи нирӯҳои Шӯрои гузор ба Франс Пресс гуфтааст, ки онҳо дар Банӣ Валид ба “муқовимати шадид” дучор шудаанд. Бо ин ҳол, мақомоти Малӣ мегӯянд, беш аз 400 тани мусаллаҳ аз қабилаи таворуқ, ки дар артиши Муаммар Қаззофӣ меҷангиданд, ду рӯз пеш бо силоҳҳои худ вориди ин кишвари африқоӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG