Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дави марафонии як пири 100-сола дар Торонто


Фавҷа Сингҳи зодаи Ҳинд, ки 100 сол дорад, дави марафониро дар Торонтои Канада дар 8 соат тай кард. Аммо муҳим худи ба марра расидани ӯ буд, чунки Сингҳ акнун ҳамчун кӯҳансолтарин нафаре, ки 42 километру 127 метр масофаи дави марафониро тай кардааст, шомили Китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннес мешавад. Фавҷа Сингҳ вақте ба марра расид, ки масъулон алакай садҳои ду тарафи роҳро бардошта, шиорҳои таблиғотиро аз хатти марра канда буданд.
XS
SM
MD
LG