Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул 51 миллиони Бонки марказиро бармегардонад


Бонки расвошудаи "Кобулбонк" (Акс аз бойгонӣ)

Бонки расвошудаи "Кобулбонк" (Акс аз бойгонӣ)

Парлумони Афғонистон пешниҳоди пардохти 51 миллион доллар ба Бонки марказии кишварро тасвиб кард. Умар Зоҳилвол, вазири молияи Афғонистон гуфт, ин иқдом ба хотири азсаргирии кумакҳоест, ки Сандуқи байналмилалии пул дар пайи моҷарои “Кобулбонк” ба ҳоли таълиқ даровардааст. Бонки марказӣ як сол пеш ба хотири пешгирӣ аз расвоии “Кобулбонк” 73 миллион доллар тахсис дод, вале давлат то имрӯз танҳо 22 миллиони онро ба бонк баргардондааст. Сандуқи пул дар пай ироаи кумакҳояш ба Афғонистонро мутаваққиф кард.
XS
SM
MD
LG