Пайвандҳои дастрасӣ

Исми 477 маҳбуси фаластинӣ нашр шуд


Гилод Шалит дар асорат

Гилод Шалит дар асорат

Исроил исми 477 маҳбуси фаластиниеро, ки дар ивази сарбози асирафтодаи исроилӣ Гилод Шалит раҳо хоҳанд ёфт, нашр кард. Раисиҷумҳури Исроил Шимон Перес раванди афви ин афродро оғоз кардааст. Қарор аст, онҳо рӯзи сешанбе дар марҳалаи аввали табодул раҳо шаванд. 550 маҳбуси дигар баъди бозгашти Шалит ба Исроил раҳо хоҳанд шуд. Исроил дар ивази озодии ин сарбози 25-сола, ки 5 сол пеш дар Ғаза асир уфтод, раҳоии 1027 маҳбуси фаластиниро ваъда кардааст. Агар муомила воқеъ шавад, ин бузургтарин шумори маҳбусони фаластинист, ки Исроил дар ивази як нафар иваз мекунад.
XS
SM
MD
LG