Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози тахриби қароргоҳи Қаззофӣ дар Бобулазизия


Деворҳои қароргоҳи собиқи Қаззофӣ
Деворҳои қароргоҳи собиқи Қаззофӣ
Булдозерҳо ба тахриби қароргоҳи ҳисормонанди раҳбари барканоршудаи Либия Муаммар Қаззофӣ дар Троблус шурӯъ карданд. Қароргоҳи собиқи Қаззофӣ дар Бобулазизия, ки бо деворҳои баланди симхорпеч маҳкам буд, барои аксари мардум як макони пурасрор буд.
Як фармондеҳи нирӯҳои инқилобӣ гуфт, ин минтақа акнун ба як боғи ҷамъиятии барои ҳамаи мардум дастрас тадил дода хоҳад шуд.
Куҷо шудани худи Қаззофӣ маълум нест, вале як телевизиони тарафдори ӯ кушта шудани писараш Хамисро тасдиқ кардааст. Ар-Раъй, мақараш дар Сурия, тавассути сомонааш дар Фейсбук хабар дод, ки Хамис Қаззофӣ ҳанӯз рӯзи 29 август дар Тарҳуна, воқеъ дар ҷанубушарқи Троблус кушта шуд.
XS
SM
MD
LG