Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон хостори дидор бо Арбобсияр шуд


Мансур Арбобсияр

Мансур Арбобсияр

Эрон дастрасӣ ба мардеро хостааст, ки дар иртикоби талоши сӯъиқасд ба ҷони сафири Саудӣ дар Амрико дар боздошт қарор дорад. Вазорати хориҷаи Эрон кордори сафорати Швейтсарияро, ки дар Эрон аз манфиатҳои Амрико низ намояндагӣ мекунад, ба ҳузур хонда, дастрасии консулаш ба Мансур Арбобсиярро тақозо кардааст. Арбобсияр, ки шиносномаи ҳам Эрон ва ҳам Амрикоро дорад, дар моҳи сентябр аз сӯи мақомоти амрикоӣ бо иттиҳоми таҳияи сӯъиқасд ба ҷони сафири Саудӣ дар Вошингтон Одил Ҷубайр боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG