Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Лигаи Араб ба муколама дар Сурия


Набил Арабӣ
Набил Арабӣ
Лигаи давлатҳои арабӣ қасд дорад ба хотири хатми хушунатҳо давлати Сурияро бо гурӯҳҳои мухолифаш ба ҳам биорад. Нишасти изтирории вазирони хориҷаи Лигаи Араб дар Қоҳира барои роҳандозии муколама байни давлати Башор Асад ва мухолифинаш ба ташкили як кумитаи вижа ризоият дод. Қаблан Набил Арабӣ, дабири кулли Лигаи Араб хабарҳо дар бораи тавқифи узвияти Димишқ дар ин созмонро ба далели саркӯбии эътирозҳо радд кард.
Бо ин ҳол, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дирӯз дар Сурия боз 9 нафар кушта шуданд. Аз оғози эътирозҳои алайҳи режими Башор Асад дар ин кишвар беш аз 3000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG