Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эксимбонки Чин - бузургтарин вомдори Тоҷикистон


Эксимбонки Чин бо наздики 800 миллион доллар дар сабқати вомдиҳандиҳандагони Тоҷикистон пешсаф будааст. Бонки ҷаҳонӣ бо зери 400 миллион доллар дар ин сабқат дар мақоми дуввум аст. Ҷамъи қарзҳои хориҷии Душанбе то 1 октябр ба 2 миллиарду 100 миллион доллар расидааст, ки муодили 33,4 дарсад ё сеяки маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст. Танҳо дар соли равон ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 8 дарсад афзуда, аз будҷаи имсола 72,8 миллион доллар барои хидматрасонии ин вомҳо масраф хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG