Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду раҳбари милисаи ноҳияи Қумсангир


Кафили раҳбари шӯъбаи милисаи ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ва раҳбари бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ин идора боздошт шудаанд. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, Нуриддин Наботов ва зердасти ӯ Муҳаммад Шарипов ба ришвагирӣ, берун рафтан аз ҳадди ваколат ва даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир айбдор мешаванд. Манбаъи “Азия Плюс” аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кардааст. Таҳқиқи қазияро додситонии кул бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG