Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Унвони дуввуми қаҳрамонии Комроншоҳи Устопириён


Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён

Паҳлавони ҷавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар қаҳрамонии самбо унвони қаҳрамони ҷаҳон дар байни наврасонро ба даст овард. Мусобиқоти ҷаҳонии самбо байни наврасон дар Рига- пойтахти Латвия идома дорад. Комроншоҳи Устопириён дар вазни 81 кило дар бозии ниҳоӣ бар Ивайло Иванов аз Булғористон ғалаба карда, соҳиби нишони тило шудааст. Ӯ соли гузашта бори аввал қаҳрамони ҷаҳон дар байни наврасон шуда буд. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқот 9 гуштигир намояндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG