Пайвандҳои дастрасӣ

Се хаймазор дар 3 пойтахти молии Аврупо


Эътирозҳои рӯзи шанбе дар Рум

Эътирозҳои рӯзи шанбе дар Рум

Дар пайи эътирозҳои дирӯз садҳо тазоҳургар дар Лондону Франкфурт ва Амстердам хайма зада, гуфтаанд, ба як маъракаи тӯлонӣ алайҳи коҳиши будҷаҳову носерии ширкатҳо омода мешаванд. Ин се хаймазор дар марокизи молии ин 3 шаҳр баъди як рӯзи раҳпаймоиҳо дар 80 кишвари ҷаҳон зада мешавад. Ин эътирозҳо аз ҷунбиши “Ишғоли Волл Стрит” дар Амрико ва маъракаи “Норозиён” дар Испания илҳом гирифтааст. Рӯзи шанбе як бахши тазоҳургарон дар Рум мошинҳоро оташ зада, ба дафтари бонкҳо ҳамла овардаву нирӯҳои пулисро сангборон карданд. Дар ин хушунатҳо дар пойтахти Итолиё 135 нафар, ағлаб маъмурони пулис, ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG