Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брейвик имрӯз ба додгоҳ эҳзор хоҳад шуд


Имрӯз, 17 октябр, раҳбари бахши ёриҳои башарии СММ Валерӣ Амос бо як сафари чоррӯза вориди Кореяи шимолӣ мешавад. Додгоҳи Осло имрӯз масъалаи тамдиди замони боздошти Андерс Брейвикро, ки дар қатли 77 нафар дар таркишу тирандозии рӯзи 22 июл дар Норвегия айбдор мешавад, баррасӣ хоҳад кард. Раисиҷумҳури Словакия имрӯз музокирот бо аҳзобро ба манзури ташкили ҳукумати муваққат шурӯъ мекунад. Имрӯз, 17 октябр, дар тақвими байналмилалӣ Рӯзи маҳви фақр аст. Ва ҳам 17 октябри соли 2004 Аляксандр Лукашенка тавассути як раъйпурсӣ маҳдудияти дудавраӣ барои касби мақоми раёсатҷумҳурии Беларусро аз байн бурд ва ба тамдиди раёсати худ роҳ кушод.
XS
SM
MD
LG