Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ қазияи Эронро ба Шӯрои Амният мекашад


Арабистони Саудӣ расман аз Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал хостааст, Шӯрои Амниятро аз тарҳи “тавтиаи терори” сафираш дар Вашингтон дар ҷараён бигзорад. Дар ин бора имрӯз рӯзномаи “Алшарқ ал-Авсат” гузориш дод. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин ҳафта гуфт, тарҳи сӯиқасд ба ҷони Одил Ал-Ҷубайр, сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтонро ошкор кардааст, ки ду эронитабор мехостанд, бо ҳидояти маъмурони амниятии Эрон анҷом диҳанд. Эрон ин иддаъоро рад мекунад. Муроҷиати Арабистони Саудӣ ба Шӯрои Амният метавонад, сабаби эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон шавад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, барои эъмоли “таҳримоти ба ҳадди мумкин сахт” алайҳи Эрон саъй хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG