Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони араб вазъи бӯҳронии Сурияро баҳс мекунанд


Қарор аст, имрӯз вазирони умури хориҷии кишварҳои арабӣ дар шаҳри Қоҳира, бӯҳрони сиёсӣ дар Сурияро баҳс кунанд. Нишасти мазкур бо дархости чанде аз кишварҳои узви Лигаи Араб сурат мегирад, ки хостаанд, вазъи башарӣ ва роҳҳои хотима додан ба хунрезӣ дар Сурия баррасӣ шавад. Ба гуфтаи Созмони Милал сар аз моҳи март, замони оғози тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Сурия то кунун бештар аз 3 ҳазор нафар кушта шудаанд. Дар як талоши дигаре барои фурӯ нишондани нооромиҳо, Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия як кумитаеро барои таҳияи тарҳи нави Қонуни Асосӣ дар чаҳор моҳи оянда таъсис додааст.
XS
SM
MD
LG