Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, баҳси ҳузур дар Ироқ идома дорад


Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Амрико гуфт, аз барномаи дар Ироқ нигаҳ доштани теъдоде аз сарбозонаш дар соли оянда даст накашидааст. Кохи Сафед ва вазорати дифоъи Амрико гузориши хабаргузории “Ассосиейтед Пресс”-ро рад карданд, ки аз қавли мақомоти расмии Иёлоти Муттаҳида навиштааст, ин кишвар аз идеяи баъди 31 декабр ҳам дар Ироқ гузоштани теъдоди қобили мулоҳизаи сарбозонаш даст кашидааст. Томмӣ Витор, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, баҳсҳо дар робита ба сарнавишти нерӯҳои Амрико ҳанӯз идома дорад. Бар асоси созиши дутарафа, нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида бояд то охири сол Ироқро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG