Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Саудӣ аз эҷоди "ошӯб" дар маросими Ҳаҷ


Мақомоти Арабистони Саудӣ аз эҷоди ҳар гуна ошӯб дар ҷараёни ҳаҷҷи имсол ҳушдор додаанд.

Ба таъкиди мақомоти ин кишвар, дастгоҳҳои амниятии Арабистони Саудӣ бо ҳар гуна иқдоме, ки ба гуфтаи онҳо бар осоиши ҳаҷкунандагон таъсир бигузорад, муқобила хоҳанд кард.

Маросими ҳаҷҷи имсол нахустин маросими ҳаҷ аз замони оғози эътирозҳо дар кишварҳои арабӣ аст, ки бо «баҳори араб» шӯҳрат ёфт.

Ба гузориши шабакаи Ал-Арабия, шоҳзода Холид Ал-Файсал, амири минтақаи Макка рӯзи шанбе дар нишасти хабарӣ эълом кард, ки cозмони амниятии Арабистони Саудӣ монеъ аз вуруди ҳуҷҷоҷи «хилофкор» ба Макка хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин бар гуфтаҳои пешини вазири умури дохилии Арабистони Саудӣ таъкид кард, ки гуфта буд, яке аз муҳимтарин масъулиятҳои ин кишвар, муҳофизат аз осоиш ва амнияти зиёраткунандагони хонаи Худо аст. Ӯ гуфт, ки Арабистони Саудӣ иҷозаи ҳеҷ гуна ҳодисаеро намедиҳад, ки битавонад раванди ҳаҷро бар ҳам занад ё ҳаҷкунандагонро нороҳат кунад.

Ал-Файсал хотирнишон кард, ки бо ҳар навъ беназмӣ дар ҷараёни ҳаҷ, аз вуруди ғайриқонунӣ ва бидуни иҷозат ба Макка гирифта то ҳар ҳар гуна рафторе, ки мухолифи қонун бошад муқобила хоҳад шуд. Ӯ таъкид кард, ки ҳар гуна ошӯб ва нооамнӣ дар маросими ҳаҷ барои Арабистони Саудӣ пазируфтанӣ нест.

Дар ҳафтаҳои гузашта минтақаи Ал-Авомия дар Арабистони Саудӣ шоҳиди тазоҳуроти эътирозомези шуморе аз шиаиён буд. Нерӯҳои амниятӣ бо ин тазоҳурот бархӯрд карданд. Муътаризон ва нерӯҳои амниятӣ якдигарро муттаҳам ба хушунат ва истифода аз аслиҳа мекунанд. Ба гуфтаи вазорати дохилаи Арабистони Саудӣ, дар ин даргириҳо 16 нафар захмӣ шудаанд.

Муҳаммад Ат-Тунсӣ, сардабири рӯзномаи давлатии «Уккоз»-и Саудӣ низ дар мақолае дар хусуси ҳушдори амири Макка навишт: «Бархе аз ҳоҷиён ҳамасола даст ба иқдомҳое мезананд, ки паёмадҳое ҷуз ошӯб ва эҷоди нороҳати ба мардум ва дигар ҳаҷкунандагон надорад. Аз ҷумлаи онҳо, эрониён ҳастанд.»

Ба назар мерасад ишораи Ат-Тунсӣ, ба барномаи бароат(дурӣ ё ҷудоӣ) аз мушрикин аст, ки ҳамасола ҳаҷкунандагони эронӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мекунанд.

Ин ҳушдорҳо дар ҳоле дода мешавад, ки чанд рӯз пеш мақомҳои амрикоӣ аз тарҳе эронӣ барои террори сафири Арабистони Саудӣ дар Вошингтон хабар доданд. Агарчи мақомоти Эрон ин хабарҳоро такзиб карданд, аммо равобит миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ тира шудааст.

Ат-Тунсӣ, таъкид кард, созмонҳои амниятии Арабистони Саудӣ дар омодагии комил ба сар мебаранд ва гуфт, ҳар касе, ки мушкиле дорад ва мехоҳад инқилоб кунад, барои баргузории тазоҳурот ба кишвари худ биравад ва ба Саудӣ наояд.
XS
SM
MD
LG