Пайвандҳои дастрасӣ

Тааҳуди тоза барои ҳифзи сиҳати иқтисоди ҷаҳонӣ


Вазирони молияи 20 иқтисоди бузургтарини ҷаҳон ваъда доданд, ки тазмин медиҳанд, ки Сандуқи Байналмилалии Пул” тамоми манобеъи лозим барои ба эътидол овардани вазъи иқтисоди ҷаҳониро дорад. Вазирони молияи кишварҳои аъзои Гурӯҳи 20, ки ду рӯз дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса гуфтӯгу доштанд, бо нашри баёнияе рӯзи шанбе гуфтанд, “мо аҳд медиҳем, ки Сандуқи Байналмилалии Пул, манобеъи кофӣ хоҳад дошт, то масъулиятҳои мунназами худро иҷро кунад.” Ҳамчунин қарор аст, 23 октябр сарони кишварҳои ҳавзаи евро гирди ҳам оянд ва тақвияти хазинаи кӯмаки молиии Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ кунанд, то ба кишварҳои дармонда дар бӯҳрони молӣ кӯмаки бештар карда тавонад. Нишасти вазирони молияи Гурӯҳи 20 дар пойтахти Фаронса дар ҳоле баргузор шуд, ки нигарониҳо аз сирояти бӯҳрони молии ҳавзаи евро ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ боло гирифтааст.
XS
SM
MD
LG